Назад к списку

«ДИДОР» ДАР КОНИБОДОМ


Идомаи синамобазми «Дидор», ки ба хотири 110 солагии нахустин коргардони тоҷик Комил Ёрматов бахшида шудааст, бо кӯлвори филмхои пурмуҳтавову ҷолиб меҳмони Канди бостон мегардад.


Ифтитоҳи ҳамоиш бо намоиши филми «Навори вопасин»-и Абдулхайр Зокиров (симои «Сафина»), филми «Муҳоҷир» ва «Қиссаи ду дилдода»-и Комил Ёрматов дар театри драмавии мусиқии шаҳр интизори тамошобинон аст.

-Дар корвони синамо беҳтарин филмҳои кишварҳои ҷаҳон – Эрону Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистону Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар маърази тамошо қаpop хоҳад гирифт. Филми ҷадиди «Паймон» муаррифгари Тоҷикистои хоҳад буд. Намоиши филмҳо ройгон буда, аз 6 то 9 ноябр тамоми ҳамдиёронро ба тантанаи дӯстиву рафоқат даъват мекунем,- мегӯяд коргардони ҷавони умедбахш Муҳиддини Музаффар.

Фараҳноз.